Имрӯз, 12-уми июн дар шаҳри Денпасари Индонезия конфронси XXIX-уми байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC – XXIX) ба кори худ оғоз мекунад.
Ҷиҳати ширкат дар ҳамоиши мазкур Рустам Назаров, роҳбари Агентии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба Индонезия сафар кард.
Бобоҷони Шафеъ, як масъули агентии мазкур ба Озодагон хабар дод, ки конфронси XXIX-уми байналмилалии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба мубориза бо мухаддирот (IDEC) соли 1983 таъсис шудааст. «Дар он намояндагони зиёда аз 90 кишвари ҳамаи қитъаҳои олам иштирок менамоянд. Дар конфронси соли 2010-ум, ки дар Рио-де-Жанейро (Бразилия) гузашт, дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории чорҷониба оид ба интиқоли маводи мухаддир тавассути «Хатсайри Шимол» қарор қабул гардид»,-афзуд манбаъ.
Ба қавли ҷаноби Шафеъ ба ҳайти ин гурӯҳ намояндагони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, ВКД-и Афғонистон, Агентии мубориза бо мухаддироти ИМА (ДЕА) ва Хадамоти федеролии назорати маводи нашъадор (ХФНМН)-и Русия шомиланд.
Конфронси мазкур то 14-уми моҳи ҷорӣ идома хоҳад кард.
Мӯҳр