Ҷавонони Тоҷикистон дар фестивали байналмилалии «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ» ширкат мекунанд.
Аз дафтари матбуоти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки тибқи нақшаи корӣ Шӯрои кор бо ҷавонони ИДМ бо даъвати Вазорати варзиш, туризм ва сиёсати ҷавонони Федератсияи Русия аз санаи 15 то 20 июни соли равон дар кишвари Кабордина-Балкария баргузории Фестивали байналмилалӣ таҳти унвони «Баҳори донишҷӯёни ИДМ дар Кавказ» ба накша гирифта аст.
Тоҷикистонро дар чорабинии мазкур 10 нафар донишҷӯи фаъол таҳти роҳбарии сардори раёсати ҷавонони Кумитаи ҷавонон Носир Буриев намояндагӣ мекунанд.
Мӯҳр