Имрӯз барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон ба имзо расид.
Тавре ба Озодагон аз Вазорати корҳои хориҷӣ хабар доданд, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳироюки Имаҳаши роҷеъ ба барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ дар чаҳорчӯби кӯмакҳои бебозгашти Ҷопон санад имзо карданд.
Бино ба иттилои манбаъ, барномаи дастгирии лоиҳаи рушди захираҳои башарӣ барои кишварҳои рӯ ба тараққӣ, ки ниёзи зиёд ба рушди захираҳои башарӣ дар сохтори қонунгузорӣ, иқтисодиёт, менеҷмент ва муносибатҳои байналмилалӣ доранд, нигаронида шудааст. Ин лоиҳа дар Тоҷикистон барои 4 сол пешбинӣ шуда, аз соли 2009 шурӯъ гардидааст.
Барномаи мазкур кӯшишҳои Тоҷикистонро баҳри рушди захираҳои башарӣ тақвият бахшида, ба хизматчиёни ҷавони давлатӣ имкон медиҳад, то маҳорати касбии худро такмил диҳанд.
Мӯҳр