Бахшҳо

Коршиносони КАИ СММ ҳавасмандии худро аз парвариши тухми картошка бо усули биотехнологӣ дар Тоҷикистон изҳор доштанд

Тоҷикистон дар ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба стандартҳои кишоварзӣ, ки дар шаҳри Женеваи Швейтсария баргузор гардид, бори аввал ду лоиҳаеро барои баррасӣ пешниҳод намуд.

Тавре аз Агентии Тоҷикстандарт ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, нишасти мазкур бо ташаббуси Комиссияи аврупоии иқтисодии Созмони миллали муттаҳид (КАИ СММ) сурат пазируфт. Ҷониби Тоҷикистон лоиҳаҳои стандартҳои КАИ СММ оид ба хурмо ва биҳии тару тозаро барои баррасӣ пешниҳод намуд: «Пас аз муҳокимаи лоиҳаҳо бо тағйироту иловаҳо тибқи тартиботи амалкунанда барои баррасӣ ба давлатҳои аъзои СММ, ки дар ҷаласа ширкат надоштанд, равон мешавад ва дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ бори дигар баррасӣ мегардад»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар афзуд, дар кори ҷаласа, ки тайи 3 рӯз идома ёфт, коршиносон, истеҳсолкунандагон ва содироткунандагони бокудрати меваю сабзавоти тару тоза аз Белгия, Олмон, Испания, Италия, Малайзия, Марокко, Мексика, Нидерландия, Лаҳистон, Шоҳигарии Муттаҳидаи Бритониёи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, ИМА, Туркия, Федератсияи Русия, Филиппин, Финляндия, Фаронса, Швейсария, Швейсия ва Африқои Ҷанубӣ иштирок намуда, ҷиҳати даровардани тағйироту иловаҳо ба стандартҳои амалкунандаи КАИ СММ оид ба меваю сабзавот фикру андешаҳои хешро иброз доштанд.
Гуфта мешавад, ширкати намояндагии Тоҷикистон ва лоиҳаҳои ба муҳокима гузошташуда аз ҷониби масъулини КАИ СММ ва иштирокчиёни ҷаласа аз мамолики дунё хеле хуб пазируфта ва ҷонибдорӣ шудааст. Дар нишаст котиботи гурӯҳи корӣ пешниҳод намудааст, ки якҷоя бо коршиносон ва истеҳсолкунандагони хурмо, тирамоҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон маводи дастурӣ (бо аксҳои навъҳои мева) оид ба хуромои тару тоза таҳия шавад. Бо таваҷҷӯҳ ба  ин, масъулини гурӯҳи корӣ ҳавасмандии худро барои дар Тоҷикистон ҷорӣ намудани талаботҳои стандарти КАИ СММ оид ба картошкаи тухмӣ ва дастгирӣ дар парвариши тухми картошка бо усули биотехнологӣ изҳор намуданд. Масъулини Тоҷикстандарт мегӯянд, давом додани  ҳамкориҳо бо гурӯҳи кории КАИ СММ оид ба стандартҳои кишоварзӣ ба манфиати Тоҷикистон буда, аз ҷумла амалӣ намудани лоиҳаи ҳамкорӣ дар самти парвариши картошкаи тухмӣ барои иҷрои Барномаи давлатии рушди соҳаи картошкапарварӣ дар кишвар барои солҳои 2012-2016 мусоидат менамояд.


Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)