Даври 10-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ ба анҷом расид.
Тибқи нақшаи бозиҳо мебоист «Ҳосилот» ва «Зарафшон» дар варзишгоҳи дастаи «Ҳосилот» вориди сабқат шаванд. Аммо ФФТ ин варзишгоҳро аз баргузории як бозӣ маҳрум кардааст. Аз ин рӯ рақобат дар варзишгоҳи «Пахтакор»-и шаҳри Қӯрғонтеппа баргузор шуда, 1:1 ба поён расид.
Қувваозмоии «Хайр» ва «Вахш» дар варзишгоҳи «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат сурат гирифта бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт. Дар дақиқаи 55-уми нимаи дувуми сабқат, ба иллати боридани борони сахт футболбозону доварон майдонро тарк кардаанд. Ин бозӣ чанд рӯз дертар баргузор хоҳад шуд.
Бозии «Гвардия» - «Парвоз дар варзишгоҳи КМВА-и Вазорати мудофиа баргузор гардида, бо ҳисоби 0:3 ба фоидаи «Парвоз» анҷом ёфт.
«Истиқлол» - «Регар-ТадАЗ» дар варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувваозмоӣ намуданд. «Истиқлол» дар ин бозӣ танҳо як гол зад, аммо ҳарифонаш ба задании ду тӯб муваффақ шуданд.
Бозии «Равшан» ва ЦСКА «Помир» 1:0 шуд. Дидори охири даври 10-ум 10-уми июн бо рақобати «Истаравшан» - «Хуҷанд» анҷом ёфт. Натиҷаи ин бозӣ 1:2 буд.
Мӯҳр