Дар навоҳии минтақаи Кӯлоб дуздии ноқилҳои телефон авҷ мегирад.
Аз аввали сол ин ҷониб, бино ба иттиллои Саъдулло Кароматов, сардори ҶСК «Телеком»-и Кӯлоб, дар шаҳри Кӯлоб дастикам 4700-метр ноқилҳои телфеонро бурида бурдаанд. Аз ҷумла 850-метр ноқили 50/2, 720-метр ноқили 30/2, 650-метр ноқили 100/2 аз идораи «Телеком», 1250-метр ноқили 100/2 аз фурӯдгоҳи байналмиллалии Кӯлоб ва 980-метр ноқили 20/2 аз корхонаи обу ташноби шаҳр. Тавре сардори ҶСК «Телеком» ба хабарнигори маҳаллии «Озодагон» гуфт, 7-маротиба ба шӯъбаи корҳои дохилӣ ва якчанд бори дигар ба ҳукумати маҳаллӣ бо мактуби шикоятӣ муроҷиат кардаву кӯмак хостаанд, аммо аз он ҷониб то имрӯз касе ба додашон намерасад. Вале дар ҳукумати шаҳри Кӯлоб, бино ба гуфтаи Шаҳзода Қаюмова, мудири бахши саноат, энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, аз қазияи дуздии ноқилҳои телефонӣ хабар надоранд ва дар ин маврид аз ҷониби ин корхона мактуби расмие ворид нагаштааст. Дар ноҳияи Восеъ ҳам дуздии симҳои телефон зиёд ба қайд гирифта шудааст. Тибқи иттилои ҷаноби Кароматов, дар ин ноҳия беш аз 2300-метр ноқилро бурдаанд. Сардори идораи алоқаи ноҳия барои пешгирӣ аз ин паёмад, тасмим гирифтаст ноқилҳои боқимондаро канда гирифта, дар анбори идора захира намояд. Ба итиллои ӯ, дар ин ноҳия ҳам кормандони милиса қудрати пешгирӣ ва кашфи дуздонро надоштаанд, ҳарчанд ки дар ин маврид кормандони алоқа борҳо талаби кӯмак намуда бошанд ҳам.
Мӯҳр