Бахшҳо

Бобо ва 50 ҳазор пайравони ӯ гуруснанишинӣ эълон карданд

Устоди таълимоти йога Бобо Рамдев дар шаҳри Ню-Деҳлии Ҳиндустон беш аз 50 ҳазор пайравонашро барои гуруснанишинии эътирозӣ алайҳи фасод дар 1 майдон ҷамъ овард.

Бо ин вуҷуд, ки чанд нафар вузарои ин кишвар аз устоди соҳибноми таълимоти йога тақозо карданд, аз ин амал даст бикашад, аммо ӯ бо нишони эътироз ба фасодзадагӣ аз масъулини кишвараш талаб кардааст, ҳамаи сармояеро, ки ба хориҷ интиқол додаанд, ба кишвар бозгардонанд ва онро сармояи миллӣ эълон доранд.

Ҳамчунин Бобо Рамдев  вуруди ҳукми қатл барои ҷинояти фасоди молӣ, даст кашидан аз пулҳои калонарзиш ва чанд пешниҳоди дигарро ба масъулин ироа кардааст.

«Ман хеле дар ҳаяҷонам, ки ин миқдор мардум дар майдони Рам Лила барои юриши зидди фасод  ҷамъ омадааст. Ҳарчанд ки ин гуруснанишинӣ дароз сурат бигирад ҳам, ман ҳамаи шуморо ба оромӣ ва сабурӣ даъват мекунам», изҳор доштааст гуру -Бобо Рамдев дар баромадаш дар назди ҳозирин. Ҳамчунин ин амали устоди йога аз сӯи ВАО хеле хуб таблиғ шуда, шаҳрро варақаҳои эълон бо навиштаи «4 июл - рӯзи шурӯъи мубориза бар зидди фасод» пур кардааст.

Ин амали устоди шинохта Бобо Рамдев ҳукумати нахуствазири Ҳиндустон Манмохан Минхро, ки чанд аъзои он, аз ҷумла вазири алоқа Андимутҳу Раҷа ва сарвари Асостсиатсияи олимпии Ҳиндустон Суреш Калмади ва чанде дигар барои даст доштани фасоди молӣ муттаҳам мешаванд, дар ҳолати ногувор гузоштааст.

Дар ҳоле ки дар Ҳиндустон беш аз 50 ҳазор нафар дар майдони назди дарвозаи шаҳр дар 1 рӯз бо нишони эътироз даст ба гуруснанишинӣ мезананд, вакилони порлумони Тоҷикистон зимни баррасии як қонун тартиби эътирози мардумро ба шакли «гуруснанишинӣ» дар назди муассисаҳои давлатӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ мамнӯъ эълон кардаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)