Шаби гузашта сокинони як музофоти ҷанубии Афғонистон алайҳи гурӯҳи толибон, ки дар ҳудуди маҳалли Пасбанд фаъоланд, қиём кардаанд.
Ба навиштаи расонаҳо аҳолии вилояти Ғур бо истифода аз сангу чубдастҳо 15 ҷангии толибро то мурдан куфтаанд. 20 толиби дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштааст.
Хабаргузории «Бохтар» бо такя ба ҳарфҳои Диловаршоҳ Диловар, сардори пулиси музофот хабар медиҳад, ки аҳолии ба шуромада низ қурбонӣ дорад. Ба қавли манбаъ ҳангоми задухӯрд бо ҷангиён як нафари онҳо ба ҳалокат расида, чор тани дигар захм бардоштаанд.
Дар мавриди ҷузъиёти бештари ҳодиса маълумоти кофӣ рӯи даст нест. Гуфта мешавад, феълан дар маҳалли Пасбанд теъдоди бештари толибон фаъоланд, ки миёнашон табааи арабиаслу чеченитабор низ ҳаст.
Мавриди ёдоварист, ки чунин як бархӯрд моҳи майи соли равон дар маҳалли Андар ба вуқӯъ пайваста буд. Сокинон алайҳи толибон, ки ба фаъолияти мактабҳо монеъ гардиданд, даст ба гиребон шуданд.
Мӯҳр