Тавре қаблан иттилоъ дода будем, 13 ва 14-уми июни соли равон дар қаламрави вилоят машқҳои муштараки фармондеҳию ситодии ҳарбии зиддитеррористии «Рисолати сулҳҷӯёна 2012» (Мирная миссия-2012) баргузор мегардад. Интизор меравад, аз ҷараёни он вазирони мудофиаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дидан кунанд.
Дар доираи омодагӣ ба ин маъракаи муҳим дар таълимгоҳи саҳроии гарнизони ҳарбии Суғди Вазорати мудофиаи Тоҷикистон аз 6-уми июни соли равон барномаҳои консертӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд.
Дирӯз дар таълимгоҳи саҳроии гарнизони Суғд, воқеъ дар мавзеи Чоруқдаррон бо иштироки санъаткорони шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии Аълочии фарҳанги ҷумҳурӣ, директори Хонаи маданияти рақами якум Азимҷон Аҳроров ва санъаткорони ҷумҳурии Қирғизистон барои аскарону афсарони артиши ҷумҳурии халқии Чин, Федератсияи Русия ва кишварҳои Қазоқстону Қирғизистон барномаи калони консертӣ баргузор шуд. Сарбозони давлатҳои мухталиф, ҳарчанд забони ҳамдигарро намедонистанд, забони санъат, забони суруду мусиқӣ ва таронаҳои дилчасп онҳоро ба ваҷд овард ва қариб ҳама ба рақс даромаданд.
Латиф Файзиев, фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Тоҷикистонзикр кард, ки барои будубоши иштирокчиёни машқҳои ҳарбӣ, ки аз давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай омадаанд, тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Онҳо бо ҷойи хоб, се маҳал хӯроки гарм ва ҳаммом таъмин буда, аллакай машқҳоро оғоз карданд. Барои машғулиятҳои варзишӣ, аз ҷумла футбол, волейбол, варзиши сабук, вазнбардорӣ ва ғайра майдончаҳо омода шудаанд. Байни иштирокдорони машқҳои ҳарбӣ мусобиқаҳои мухталиф доир мегардад. Масъулини Вазорати мудофиаи кишвар ва гарнизони Суғд бо ҳамдастии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақшаи чорабиниҳои маданӣ-равшаннамоиро роҳандозӣ хоҳанд кард. Санаи 11-уми июн гала-консерти ҳунарпешагони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай дар варзишгоҳи «Спартак» дар назар аст.
Мӯҳр