Рӯзи 6-уми июн дар бинои Федератсияи футболи Тоҷикистон қуръакашии даври пешакии Ҷоми Тоҷикистон-2012 баргузор шуд.
Дар ин марҳила чор даста: «Самар» (Восеъ), «Ситора» (Рӯдакӣ), РТСУ (Душанбе) ва «Далерон» (Истаравшан) иштирок мекунанд. Бозиҳои аввал рӯзи 15-уми июн доир хоҳад шуд. Бозиҳои ҷавобӣ бошад 19-уми июн барпо мегарданд. Баъди анҷоми ҳарду даври ин бозӣ ғолибони ҷуфтҳо ба даври минбаъдаи ҷоми Тоҷикистон роҳ меёбанд. Ба онҳо 13 дастаи лигаи олӣ ва як клуби лигаи аввал - «Кӯктош» (Рӯдакӣ
) ҳамроҳ мешаванд. Дар умум 16 даста ба ҳашт ҷуфт тақсим мешавад. Қуръакашии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон пас аз чанд рӯз доир мегардад.
Бозиҳои аввалини даври пешакӣ, 15-уми июн шурӯъ мешавад. Оғози бозиҳо соати 17:30.
«Самар» (Восеъ) – РТСУ (Душанбе)
«Далерон» (Истаравшан) – «Ситора» (Рӯдакӣ)
Бозиҳои ҷавобии даври пешакӣ, 19-уми июн, доир мегардад. Оғози бозиҳо соати 17.00.
РТСУ (Душанбе) – «Самар» (Восеъ)
«Ситора» (Рӯдакӣ) – «Далерон» (Истаравшан)
Мӯҳр