126 халта орди як соҳибкори бозори «Деҳқон»-и пойтахтро ба яғмо бурданд.
Тавре ба Озодагон аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, дар ин бора ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаҳрванд Илҳом Собирови 34 сола, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, деҳаи Гулпарвар муроҷиат кардааст. Ба гуфтаи нобаршуда, Абдукарим Абдуллоеви 35 сола, сокини ноҳияи Мӯъминобод, деҳаи Деҳлол бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада 162 харла орди истеҳсоли Қазоқистонро гирифта, маблағашро, ки 19450 сомониро ташкил медиҳад, то ҳол барнагардондааст.
Дар пайи як амалиёт кормандони ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Душанбе Абдукарим Абдуллоевро бо ҷурми қаллобӣ дастгир намуданд. Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр