Тибқи як назарсанҷие, ки Фонди афкори ҷамъиятии Русия анҷом додааст, аксари мардуми ин кишвар бар онанд, ки муҳоҷирин забони русиро хуб намедонанд ва аз ин рӯ барои ҳифзи манофеашон ба мушкилӣ мувоҷеҳанд.
Чунин андешаро 71 дар сади пурсидашудагон изҳор карда, дар ҳамин ҳол 15 фисади мардуми ин кишвар мухолифи ин андеша будаанд.
Сӣ дар сади пурсидашудагон тарафдори роҳандозии имтиҳон аз забон русӣ, донистани қонунгузории ин кишвар ва маданияти мардуми рус барои муҳоҷирин буда, 25 дар сад онро ҳатмӣ намедонанд.
Бино ба андешаи 43 фоизи шаҳрвандони ин кишвар маблағи омӯзиши забони русиро барои муҳоҷирин бояд ширкатҳои кордиҳанда пардохт намоянд ва аммо 42 дар сади ин мардум гуфтаанд бояд омӯзишҳо аз ҳисоби худи муҳоҷирин роҳандозӣ шаванд.
35 дар сади мардуми Русия гуфтаанд, муҳоҷирин бо одату маданияти худ барои мардуми кишвари иқомат мушкилиҳо эҷод мекунанд. Ин дар ҳолест, ки 40 фоизи пурсидашудагон гуфтаанд, ин маданияту одот барои худи муҳоҷирин низ мушкилиҳоро пеш хоҳад овард.
Аммо 62 фоизи ин мардум тарафдори нигоҳдории анъанот ва урфу маданияти муҳоҷирин дар ин кишвар аз сӯи худи муҳоҷирин будаанд, ба шарте ки онҳо ба нақзи қонун даст назананд.
Масъулини ин назарпурсӣ пурсишро миёни 4,5 ҳазор нафар дар 49 минтақаи Русия доир кардаанд.
Мӯҳр