Раиси Асотсиатсияи соҳибкорон ва истеҳсолгарони кишвар Зайд Саидов роҳбари нави Шурои анчуманҳои тичоратии Точикистон интихоб гардид. Интихоби ӯ дар як нишасти навбатии ҳисоботиву интихоботии Шурои анчуманҳои тичоратии Точикистон дар Душанбе сурат гирифт.
Тавре гуфта мешавад, ин шӯро 56 асотсиатсияи бузурги соҳавии ҷумҳуриро муттаҳид месозад, ки аз номи анҷумани тоҷирон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ баромад мекунанд.
Номзадии Зайд Саидовро якчанд ташаббускорон пешбарӣ кардаанд. Раиси Асотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон Иззатулло Лаълбеков ӯро ҳамчун шахсияти шинохта ва арзанда барои ҷамъияти соҳибкорон номид.
Ёдрас мешавем, ки Шурои анчуманҳои тичоратии Точикистон соли 2007 таъсис ёфта буд ва аз оғози ташкили шӯро онро Некрӯй Забиров, раиси Асотсиатсияи содиркунандагону воридкунандагони Тоҷикистон роҳбарӣ мекард.
Мӯҳр