Ба иттилои кормандони хадамоти амниятии Афғонистон дар музофоти Тахор ҳашт нафареро боздошт шудааст, ки дар заҳролудсозии мактаббачаҳо гунаҳкор дониста мешаванд.
Тибқи хабарҳои расида, натиҷаи тафтишоти муқадамотӣ нишон медиҳад, ки дастгиршудаҳо бо толибон ва Ҳаракати исломии Узбакистон иртибот доштаанд.
Тибқи маълумоти табибон дар шаш мактаби музофоти Тахор тақрибан 800 хонанда аз газ заҳролуд шудааст. Дар ҳамин ҳол толибон ҳар гуна даст доштани худ дар ин амалро рад карда, тақозо кардаанд, ки гунаҳкорон ёфта ва муҷозот шаванд.
Мӯҳр