Кормандони маркази матбуотии Бюрои федеролии тафтишотии Амрико (FBI) барои намояндагони марказҳои матбуотии мақомоти қудратии Тоҷикистон ва гурӯҳи журналистони тоҷик семинари вижае баргузор намуданд.
Мақсад аз баргузории семинар, омӯзиши таҷрибаи маркази матбуотии FBI, баррасии мушкилоти марказҳои матбуотии ниҳодҳои қудратии кишвар дар самти иттилоъ додан ба ВАО мебошад. Ҷеффри Маккреханом, намояндаи маркази матбуотии FBI, дар ин нишаст қайд намуд, ки масъулини марказҳои матбуотӣ дар саривақт расонидани иттилои саҳеҳ ва дақиқ бояд фаъол бошанд.
Дар семинар баҳсу мунозира миёни хабарнигорон ва кормандони марказҳои матботӣ сурат гирифта, гуфта шуд, ки дар баъзе ҳолат бархе аз масъулини ниҳодҳои қудратӣ аз сари вақт додани иттилоъ худдорӣ менамоянд ва ин боиси паҳн гардидани хабарҳои нодуруст мегардад. Чанде аз хабарнигорон ба он ишора намуданд, ки вақте ниҳодҳои қудратӣ сари вақт хабари расмӣ пешниҳод намекунанд, онҳо ба овоза ва дигар манбаъҳо такя мекунанд. Баъдан маълум мегардад, ки бархе аз далелҳо хато будааст. Дар семинар гуфта шуд, ки барои ҳалли ин масъала ҳамкории зичи ниҳодҳои қудратӣ ва ВАО лозим. Семинар фардо бо иштироки Кен Гросс, сафири Амрико дар Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.
Мӯҳр