Дар пойтахти Русия миёни ду гурӯҳи ронандаҳои таксӣ, ки ғайриқонунӣ фаъолият мекардаанд, задухӯрд ба вуқӯъ пайваст, хабар медиҳанд расонаҳои русӣ.
Тибқи хабарҳои расида, дар пайи ин низоъ як нафар ҷароҳат бардоштааст. Ба навиштаи сомонаи «Новый регион» ҳодиса дар кӯчаи Профсоюз ба вуқӯъ пайвастааст. «Ронандаҳое, ки ба кирокашӣ машғул буданд, байни ҳам даст ба гиребон шудаанд. Тибқи шаҳодати одамон ҳар ду гурӯҳ шаҳрвандони Осиёи Марказӣ будаанд»,-гуфтааст радиои «Маяк».
То замони расидани пулис онҳо фирор кардаанд. Аммо кормандони ҳифзи ҳуқуқ дар ҷои ҳодиса як шаҳрванди 27 солаи Тоҷикистонро, ки аз захми корд ҷароҳат бардоштааст, пайдо кардаанд. Ҳоло ӯ дар беморхона бистарӣ будааст.
Феълан пулис иштирокчиёни ин низоъро меҷӯяд.
Мӯҳр