Дар Маскав саввумин намоишгоҳи байналмилалии тиҷоратии маҳсулоти тамғаи «Ҳалол»- бо номи «Moscow Halal Expo 2012» баргузор мешавад.
Тавре Шӯрои уламои қисмати аврупоии Русия хабар медиҳад, ин навбат намоишгоҳ дар Маркази намоиши умумирусиягии маъруф ба ВВС ё ВДНХ аз 7 то 10-уми июни соли равон ҷараён мегирад.
Бино ба маълумоти манбаъ ин навбат беш аз 100 муассисаву корхона барои ширкат дар намоишгоҳ омодагии худро изҳор доштаанд, ки нисбат ба соли 2010, 25 дар сад зиёд мебошад. Ширкаткунангдагони намоиш намояндагони беш аз 30 давлати дунё хоҳанд буд.
Ҳамчунин ба ҳайси меҳмони ифтихорӣ узви оилаи шоҳигарии Арабистони Саудӣ Муҳаммад ал Канҳал, муовини сардори Институти стандартизатсия ва метрологияи кишварҳои исломӣ Чагра Ҷонкуртаран, президенти European Muslim Union, узви кумитаи иҷроияи Salamworld Абубакр Риге ва дигар ашхоси расмӣ ширкат хоҳанд кард.
Ин навбат тоҷирону соҳибкорон аз Филиппин, Афғонистон, Босния ва Судон низ маҳсулоти худро дар ин намоиш манзур мекунанд. Ҳамчунин дар чорабинӣ баргузории беш аз 20 мизҳои гирд ва мубоҳисаву маърӯзаҳо дар мавзӯи маҳсулоти ҳалол дар назар аст.
Мӯҳр