Каҳрамони собиқи ҷаҳон оид ба муштзанӣ дар се вазн аз анҷоми карерааш хабар дод.
Чунин тасмимро Шэйн Мослии 40 сола бо гузашти як моҳ аз мағлуб шуданаш дар ринг эълом дошт. Мослии амрикоӣ, ки барои ҳифзи унвони қаҳрамонии WBC мубориза мебурд, аз Саул Алвареси мексикоӣ мағлуб шуд. Алварес 21 сол дорад.
Карераи касбии Шэйн Мосли аз соли 1993 оғоз шудааст. Баъди чор сол ӯ қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи версияи IBF дар вазни то 61,2 кг шуд ва ҳашт маротиба унвони қаҳрамонияшро ҳифз кард. Соли 1999 Мосли дар вазни то 66,7 кг аз рӯи версияи WBC чемпион гардид. Баъдан, камарбанди WBC-ро дар вазни то 69,9 кило ба худ ихтисос дод.
Вай 56 маротиба ба ринги касбӣ баромада, дар 46 тои он (39 нокаут) дастболо гардидааст. Дар ҳашт муштзанӣ бахт ба рӯяш нахандид. Ӯ боксчиҳои маъруфе чун Оскар де Ла Хой (ду маротиба), Фернандо Варгас (ду маротиба), Рикардо Майорг, Антонио Маргариторо мағлуб кардааст.
Мӯҳр