Дар мактаби миёнаи №1399-и шаҳри Маскав маҳфил-озмуне бахшида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Я тебя познаю, Таджикистан!» баргузор гардид.
Тавре ба Озодагон аз хадамоти матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар доданд, чорабинии мазкур бо ташаббуси директори мактаб Л.Ҷиҷавадзе, дар ҳамдастӣ бо раиси Кумита оид ба фарҳанг ва варзиши клуби донишҷӯён ва ҷавонон «Первые», роҳбари бахши ҷавонони клуби парлумони Федератсияи Русия А. Подгорний доир гардида, дар он омӯзгорон, толибилмони мактаб ва волидайни онҳо, инчунин ба ҳайси ҳакамон, кормандони сафорати Тоҷикистон С. Рашидов ва М. Қодирова иштирок карданд.Манбаъ гуфт, дар маҳфил дар бораи сатҳи хуби муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия, аз ҷумла робитаҳои неку созанда дар ростои илму фарҳанг ва маориф хотирнишон шуда, ташкили чорабинии мазкурро намунаи рӯшани он арзёбӣ намуданд. Дар маҳфил-озмун хонандагони синфҳои 8, 9 ва 10 дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърих ва фарҳангу адаби тоҷик, ҷуғрофия ва табиати Тоҷикистон баҳс ва табодули андеша намуда, Д. Филиппова, В. Беркун, В. Балабан, Л. Мартинова, А. Перминова ва Д. Рогов донандаҳои беҳтарини Тоҷикистон ва ғолибони озмун дониста шуданд.
Мӯҳр