Имрӯз, 4-уми июн дар ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, лоиҳаи қонун «Дар бораи криптография» баррасӣ шуд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони кишвар ба Озодагон гуфт, вобаста ба масъалаи мазкур раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Олим Салимзода баромад намуда, иброз дошт, ки лоиҳаи қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятиро дар соҳаи криптография муайян намуда, тартиби таҳия, истеҳсол ва истифодабарии воситаҳои криптографиро дар рафти мубодила ва нигоҳдории иттилоот танзим менамояд.
«Дар шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба қонун «Дар бораи милитсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи захираи моддии давлатӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумрук», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси замин»ва ғайраҳо муҳокима ва баррасӣ шуданд»,-илова кард номбурда.
Мӯҳр