Кормандони ШКД-и шаҳри Хуҷанд хонуми 39 соларо бо иттиҳоми куштор дастгир кардаанд.
Аз раёсати ВКД дар вилояти Суғд ба Озодагон иттилоъ доданд, ки Олеся Тремасова, сокини маҳаллаи 20-и шаҳри Хуҷанд, 3-юми июн соати 01:50 дар назди даромдагоҳи манзили истиқоматиаш бо Фарҳод Сангинов, соли таваллудаш 1980, сокини маҳаллаи 31-ум муноқиша мекунад: «Тремасова бо корди хоҷагии дар дасташ буда ба қафаси синаи Сангинов як маротиба мезанад. Дар натиҷа Фарҳод ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар шӯъбаи эҳёгарии беморхонаи марказӣ ба халокат расид»,-афзуд манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Мӯҳр