Як сокини рустои Ғуломободи ҷамоати Лангар бо номи Эмом Табаров, дар оғилхонаи манзили зисташ ба таври худовезӣ худро ба ҳалокат расонид.
Тавре наздикону пайвандони марҳум ба хабаргузории «Озодагон» гуфтанд, шабона Эмом ба берун баромада, дигар тамоми шаб боз нагаштааст. Саҳари рӯзи дигар, ҷасади беҷони ӯро дар оғилхонааш овезон ёфтаанд. Сабаби даст ба худкушӣ задани ӯ ҳанӯз номаълум боқӣ мемонад. Аммо, ба гуфтаи хешовандон Табаров касали рӯҳӣ доштааст, ки баъзан ӯро нороҳат мекардааст. Эмом Табаров 40-сол дошта, соҳиби шаш фарзанд будааст.
Мӯҳр