Дар мулоқоте, ки имрӯз, 1-уми июн Марҳабо Ҷабборова, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон бо Ли Хак Му, намояндаи муваққатии Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар умури минтақавӣ дошт, бештар масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Муҳаммадато Султонов, сухангӯи палатаи поёнии парлумони кишвар гуфт, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон зимни ибрози қаноатмандӣ аз раванди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Корея дар бахшҳои гуногун, ҳамзамон бар зарурати таҳкими муносиботи байнипарлумонии ду кишвар таъкид кард. Зикр гардид, ки дар Маҷлиси намояндагон гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парлумони Корея фаъолият мекунад ва ин гурӯҳ метавонад заминаи хуберо барои тавсеаи ин равобит фароҳам биёрад.
Марҳабо Ҷабборова ба роҳ мондан ва таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар соҳаи илм ва маориф байни Тоҷикистону Кореяро аз ҳадафҳои дигари масъулони ниҳодҳои марбутаи ҳарду кишвар унвон карда, ҳамзамон изҳор дошт, ки дар Тоҷикистон заминаи мусоид барои омӯзиши илмҳои гуногун ва муосир вуҷуд дорад, вале то имрӯз ҳамаи ин имконот ба таври кофӣ мавриди истифода қарор нагирифтаанд. Аз ин рӯ, истифода аз таҷрибаи Корея дар заминаи истифода аз манобеи мавҷуд дар соҳаи илму маориф ва пиёда кардани роҳҳои ҷадиди омӯзиши илмҳои гуногуни муосир дар Тоҷикистон метавонад ҳамчун омили асосӣ дар рушду пешрафти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи мамалкати мо гардад.
Дар ҷараёни ин мулоқот, ҳамчунин ба масъалаи истифодаи таҷрибаи парлумонҳои кишварҳои якдигар дар бахши таҳия ва қабули қарору қонун ва санадҳои гуногуни меъёрии ҳуқуқӣ таваҷҷӯҳ зоҳир карда шуд.
Намояндаи муваққатии ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея дар умури минтақавӣ дар навбати худ ҳамкориҳои байнипарлумонии кишвараш бо Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро аз мавзӯи меҳварии мулоқоти худ бо раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон арзёбӣ кард ва илова намуд, ки ҷониби Корея алоқаманди густариш пайдо кардани ин муносибот буда, барои тавсеаи он аз ҳамаи имконот истифода хоҳад кард.
Зикр шуд, ки Корея аз мавқеи ҷониби Тоҷикистон дар ҳамаи масъалаҳо ҷонибдорӣ мекунад ва таҳкими муносиботи дуҷониба бо ин кишвари Осиёи Марказиро аз аҳдофи асосии кишвараш медонад.
Мӯҳр