5-уми июн аъзои маркази шӯрои ҳарбии ҷумҳурии мардумии Чин, сардори ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳи мардумии Чин бо сафари расмӣ вориди Душанбе мешавад. Дар ин бора ба Озодагон Фаридун Маҳмадалиев, сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиа хабар дод.
Ба иттилои манбаъ зимни сафари серӯза Чен Бинде бо Шералӣ Хайруллоев, вазири мудофиаи Тоҷикистон ва роҳбарони сиёсиву низомии кишвар дидору мулоқот хоҳад кард. «Аснои вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, омодасозии кадрҳои низомӣ, гузоштани санги асос ба сохтмони бинои афсарии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳарбиӣ ва ҳарбӣ-техникии байни Вазоратҳои мудофиаи Тоҷикистону ҷумҳурии мардумии Чин баррасӣ мегардад»,-афзуд Фаридун Маҳмадалиев.
Номбурда илова кард, ки ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникии Тоҷикистону Чин аз соли 1994 оғоз гардида, дар ҳоли рушд қарор дорад.
Мӯҳр