Бахшҳо

Europеan Times шумораи навбатии худро ба Тоҷикистон мебахшад

Дар Тоҷикистон айни замон фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ муҳайё гаштааст, вале мо бо ин дастовардҳо худро қонеъ накарда барои тадбиқи ислоҳоти навин ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ талош меварзем. Ин матлабро Давлаталӣ Саидов, раиси Кумиаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон зимни мусоҳиба бо хабарнигорони маҷалаи Europеan Times (Иттиҳоди Аврупо) баён дошт.

Тавре аз кумитаи мазкур ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, дар ҷараёни сӯҳбат Давлаталӣ Саидов ба саволҳои хабарнигорон оид ба вазъият ва сиёсати имрӯзаи Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба фазои сармоягузории мамлакат, ҷалби ҳар чи бештари сармояи мустақим, инчунин тадбиқи барномаҳои дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва идораи самараноки моликияти давлатӣ посух дод.
Номбурда ба хабарнигорон мухтассар оид ба имконияту иқтидори соҳаҳои афзалиятнок ва фоиданок ҷиҳати сармоягузории эҳтимолӣ иттилоъ дода, дар ин замина соҳаҳои гидроэнергетика, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва туризмро ҳамчун соҳаҳои имконияту иқтидорҳои фаровондошта муаррифи намудааст.
Манбаъ мегӯяд, дар навбати худ, хабарнигорони маҷалаи Europеan Times иброз доштанд, ки мақсади асосии сафари онҳо ба Тоҷикистон шинос намудани Тоҷикистон ба хонандагону доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони аврупоӣ мебошад, ки дар мавриди Тоҷикистон хабарҳои дақиқ ва кофӣ надоранд.
«Қайд шуд, ки дар доираи сафари кории мазкур маълумотҳои пурра оид ба ҳама самтҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии  Тоҷикистон ҷамъоварӣ гардида, шумораи навбатии маҷала ба Тоҷикистон бахшида мешавад ва дар байни доираи васеи Ғарб- 410 ҳазор хонанда, аз ҷумла 500 ширкати бузургтарини аврупоӣ, намояндагони парлумони Итиҳоди Аврупо, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайра паҳн хоҳад шуд»,-афзуд манбаъ.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)