Даври навбатии футбол дар лигаи олӣ бароибозигарони «Равшан»-и Кӯлоб бобарор омад.
Тими«Равшан» рӯзи 3-юми июн дастаи «Парвоз»-и ноҳияи Б.Ғафуровро қабул карда, бо ҳисоби калони 5:0 пирӯз шуд. Бояд гуфт, соҳибони майдон аз оғози бозӣ ташаббусро ба даст гирифта, то анҷоми бозӣ дар ҳуҷум буданд. Нимаи авали бозӣ ба дастаи ҳарифон 3-тӯб ва дар нимаи дуввум боз 2 голи беҷавоб заданд. Бояд гуфт,ин бозиро беш аз 15-ҳазор нафар мухлисон тамошо карда, тими худро бо шиору даъватҳои «Равшан ба пеш», дастгирӣ мекарданд. Маврид ба ёдоварист, «Равшан»-и Кӯлоб ҳоло дар ҷумҳурӣ ягона дастаи футбол аст, ки дар ҳар бозиаш дар майдони худ ҳазорон мухлис ба тамошои бозӣ меоянд.
Мӯҳр