Тоҷикистон комилан ҷонибдори муборизаи муштарак алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилона буда, манфиатдори тақвияти минбаъдаи он аст. Ин нуктаро Эмомалӣ Раҳмон, президенти кишвар зимни мулоқот бо Юрий Федотов, муовини дабири кулли СММ, мудири иҷроияи Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ иброз дошт.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд намуд, ки дар ҷодаи расидан ба ин мақсадҳо «омодаем тамоми чораҳои заруриро андешем».
Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамгироии дуҷонибаи Тоҷикистон ва Раёсати СММ дар самти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои муосири ҷаҳон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо аз ҷараёни рушди мунтазами ҳамкории Тоҷикистон бо Раёсати СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Президенти Тоҷикистон ба талошҳои пайвастаи Раёсати СММ дар таҳкими иқтидори кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон дар мубориза зидди қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир баҳои баланд дод.
Қайд гардид, ки намунаи самаранокии чунин талошҳо фаъолияти муассири Агентии назорати маводи нашъаовар мебошад, ки бо дастгирии бевоситаи СММ таъсис ёфтаву амал мекунад.
Мӯҳр