Моддаҳои 135 ва 136 (тӯҳмат ва таҳқир) аз Кодекси ҷиноӣ бардошта шуд.
Вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дар ҷаласаи имрӯзи худ ба ҷонибдорӣ аз лағви ин ду модда аз Кодекси ҷиноӣ райъ доданд. Пешниҳоди лағви моддаҳои 135 ва 136 аз Кодекси ҷиноиро ҳанӯз чанд соли пеш созмонҳои журналистии Тоҷикистон карда буданд, аммо ҳеч иқдоме аз сӯи масъулин гирифта нашуд, то он ки Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷашни 100 солагии матбуоти тоҷик гуфт, ки моддаҳои мансуби тӯҳмат ва таҳқир аз Кодекси ҷиноӣ берун шаванд.
Мӯҳр