Русия ва Чин тасмим доранд, корхонаи муштараке таъсис бидиҳанд, ки ба коркарди ҳавопаймоҳои дурпарвоз машғул мешавад. Дар ин бора рӯзномаи «Ведемости»-и Русия хабар додааст.
Нашрия бо такя ба маълумоти Юрий Слюсар, муовини вазири саноат ва савдои кишвараш навиштааст, феълан чунин тайёраҳоро асосан ширкати Boeing-и Амрико ва Airbus-и Аврупо тавлид мекунад.
Ба қавли Слюсар ҳавопаймои нав дар заминаи Ил-96, ки авохири солҳои 1980-ум таъсис шуд, сохта мешавад. Барои амалӣ кардани ин нақша Русия нерӯи зеҳнӣ ва Хитой маблағ сарф хоҳад кард. Ҳоло маълум нест, ки аввалин ҳавопаймоҳои муштараки Русияву Хитой кай тавлид мешаванд. Нахуст ҷонибҳо мехоҳанд бозори ду кишвар ба чунин тайёраҳоро омӯзанд.
Мӯҳр