Шаҳрдори Душанбе қарор кардаст, ки дар рӯзи таҷлили 15-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ тӯйи 60 ҷуфт ҷавонро аз оилаҳои камбизоат барпо намояд, ки ба ҳар ноҳияи пойтахт 15 ҷуфтӣ рост меояд.
Маъракаи мазкур дар бинои «Душанбе плаза» баргузор мешавад. Барои гузаронидани ин тӯй корхонаю ташкилотҳои пойтахт аз қабили «Амонатбонк», раёсатҳои Хадамоти гумруку Кумитаи андоз дар шаҳри Душанбе, ҶСК «Тоҷиксемент», ҶДМ «Вавилон Мобайл», «Индиго Тоҷикистон», «Тоҷикмебел», меҳмонхонаҳои «Серена»-ю «Тоҷикистон» ва бозорҳои «Султони Кабир»-у «Сафариён» баромад намуда, ҳар кадомашон барои маърака дар ҳаҷми 41 ҳазор сомонӣ кӯмаки хайриявӣ кардаанд.
Дар назар ҳаст, ки ба ҳар кадом оилаи ҷавон тӯҳфаҳои гуногун ва наздики 6 ҳазор сомонӣ маблағ тақдим шавад.
Дар баробари ин сӯбҳи рӯзи таҷлили Ваҳдати миллӣ дар майдони «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт аспдавонӣ ва бегоҳӣ дар варзишгоҳи марказӣ мусобиқаи гӯшти дар назар аст.
Мӯҳр