12 иштирокчии фаъоли анҷуманҳои «Ҷавонони рақамии Тоҷикистон» дар Лагери навовариҳои иҷтимоии Осёи Марказӣ (SICamp), ки аз 31-уми май то 3-юми июн дар Алмаато баргузор мегардад, ширкат мекунанд.
Тавре ба Озодагон аз Институти «Ҷамъияти Кушода»- Бунёди Мадад хабар доданд, беҳтарин иштирокчиён зимни анҷуманҳои «ҷавонони рақамӣ» дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд ва Душанбе интихоб шудаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, дар лагери мазкур намояндагони Тоҷикистон имконият пайдо мекунанд, ки дар қатори 60 ҳамсоли худ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон лоиҳаҳо ва идеяҳои худро амалӣ намоянд. Давоми ду рӯз онҳо бояд ба таври даставӣ 7 тарҳи навоваронаи иҷтимоиро бисозанд. Барои иштирок ба лагер 138 дархост ва беш аз 50 идея аз ҷониби барномасозон, тарроҳон, журналистон, блогерон ва намояндаҳои ташкилотҳои ғайридавлатӣ пешниҳод шуда аст.
Кори дастаҳоро аъзои хакамон, ки ба он коршиносони ТИК, ташаббусҳои шаҳрвандӣ аз Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд, баҳогузорӣ хоҳанд кард. Аъзои ҳакамонро аз Тоҷикистон сардори департаменти автоматикунонии ҶСП «Вавилон-М» Ҷафар Асимов роҳбарӣ мекунад.
Мӯҳр