Фардо, 1-уми июн президенти Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Чин меравад.
Тавре аз дафтари матбуотии сарвари давлат хабар доданд, зимни боздиди панҷрӯза Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои чиниаш Ху Тзинтао дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
Ба иттилои манбаъ президенти кишвар рӯзҳои 6 ва 7-уми июн дар нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ширкат мекунад.
Мӯҳр