Дар Ховалинг ва Шурообод ярч фуромад.
Ориф Нозимов, сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ба Озодагон гуфт, рӯзи гузашта (30-юми май) соати 14:00 дар натиҷаи боридани боронҳои зиёд дар деҳаи Кулдараи ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг аз қисми чапи деҳа ярч фуромад. Дарозии он 100, баландияш 20 ва паҳноияш 10 метр будааст.
Дар натиҷа роҳи чашмае, ки истиқоматкунандагони деҳаи мазкур аз он оби нушокӣ дастрас менамуданд, баста шудааст. Ярч аз деҳа ба масофаи 60 метр қарор гирифта, ба аҳолӣ зарар нарасонидааст.
Номбурда илова намуд, ки тахминан соати 16:30-и рӯзи 29-уми май дар мавзеи «Ғори калон» деҳаи Дараи оби ноҳияи Шурообод, ки саршавии сойи Тебалай мебошад, ярч фаромада, маҷрои сойро, ки аз чашмаҳо маншаъ гирифтааст, маҳкам карда, дар натиҷа обанбори табииро бавуҷуд овардааст.
Мӯҳр