Фардо, 1-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии кӯдакон дар Кохи Борбад ҷашнвораи ҷумҳуриявии кӯдакону наврасони лаёқатманд таҳти унвони «Сапеда-2012» баргузор мешавад. Дар ин бора ба Озодагон аз Вазорати фарҳанг хабар доданд.
Бино ба иттилои манбаъ, фестивали мазкур бо ибтикори Вазоратҳои фарҳангу маориф ва Кумитаҳои телевизион ва радиою кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ роҳандозӣ мешавад. «Ҷашнвора бо мақсади дарёфти истеъдодҳои ҷавон аз қабили рассомон, мутрибон, сарояндагон, раққосон ва ғайра гузаронида мешавад»,-афзуд манбаъ.
Дар фестивал беш аз 500 кӯдаку навраси лаёқатманд аз мактабҳои ҷумҳуриявии мусиқӣ, мактаб-интернатҳои миёнаи махсуси ба номи Миратулло Атоев ва Зиёдулло Шаҳидӣ, мактаби бачагонаи мусиқии шаҳри Душанбе, колеҷҳои санъати ба номи Аҳмад Бобоқулов ва Малика Собирова ҳунари хешро пешкаши тамошобинон мекунанд.
Ёдовар мешавем, фестивали «Сапеда» соли дуюм аст, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Мӯҳр