Ронандае, ки мудири бахши молияи Парлумонро зери чархи мошин монда буд, ба даст афтод.
Зимни гузаронидани корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ кормандони мақомоти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ронандаеро, ки Рафоатхон Чӯпонова, мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳуриро дар пайи як садамаи нақлиётӣ имрӯз (30 май) ба ҳалокат расонд, дастгир намуданд.
Тавре ба Озодагон аз Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД итилоъ доданд, имрӯз дар чорроҳаи хиёбони Рӯдакӣ-Бухорои пойтахт автомашинаи тамғаи BMV-X 5 таҳти идораи сокини шаҳри Душанбе, Бахтиёр Хушвахтови 28 сола, мудири бахши молияи Маҷлиси намояндагон Рафоатхон Чӯпоноваро пахш карда, мошинро мондаву худ аз ҷойи ҳодиса ғайб задаст.
Айни замон нисбати ин қазия парвандаӣ ҷиноӣ боз намуда тафтишот идома дорад.
Мӯҳр