Ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи мушовирони касбии Тоҷикистон» дар натиҷаи омӯзишу назарпурсӣ, ки бо дастгирии Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ гузаронда шудааст, иттилоъ медиҳад, ки дар Тоҷикистон фасод ба муҳаррики пешбурди тиҷорат табдил ёфтааст.
Таҳлилгарони иттиҳод изҳор медоранд, ки фасод то ҷое ба муносибати миёни давлату тиҷорат ворид шудааст, ки айни ҳол аксари тоҷирон намедонанд, ки кадом маблағҳои пардохтаашон дар доираи қонун асту кадомаш ришва мебошад.
Соҳибкороне, ки ба содироту воридоти мол машғуланд, иқрор кардаанд, ки ҳамаи ниҳодҳои давлатие, ки фаъолияташонро назорат мекунанд, ришва мегиранд.
Шароити Тоҷикистон барои тиҷорати байналмилалӣ ҳам бад баҳогӯзорӣ шудааст. Таҳлилгарони Анҷумани умумиҷаҳонии иқтисодӣ сатҳи воридоти 132 давлати дунёро ба тиҷорати байналмилалӣ баҳогузорӣ карда, Тоҷикистонро дар ҷои 110 –ум қарор додаанд.
Мӯҳр