Бахшҳо

Тоҷикистон соли оянда раиси ТРАСЕКА мешавад

Соли 2013 раисии ТРАСЕКА ба ӯҳдаи Тоҷикистон мегузарад, ки вобаста ба ин ташкил намудани як қатор чорабиниҳо дар кишвар дар  назар аст.

Ин нукта зимни мулоқоти Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон бо Эдуард Бирюков, котиби генералии ТРАСЕКА, ки дар Душанбе баргузор шуд, иброз гардид.
Аз Вазорати нақлиёти кишвар ба хабаргузории Озодагон иттилоъ доданд, ки яке аз  чорабиниҳое, ки дар доираи барномаи ТРАСЕКА- доир мегардад- баргузор  намудани ҷаласаи 10 - уми ТРАСЕКА мебошад, ки дар он намояндагони беш аз 70 кишвари хориҷӣ  ширкат хоҳанд кард.
Ҳамчунин дар кори ҷаласа, масъалаҳои имзо намудани созишнома бо Ассотсиатсияи байналмилалии автомобилӣ, беҳтар намудани кор бо Иттиҳоди Аврупо,  дар хубтар ба роҳ мондани фаъолияти авиатсияи гражданӣ баррасӣ мегарданд.
Манбаъ иттилоъ дод, ки зимни мулоқоти Низом Ҳакимов ва Эдуард Бирюков 15-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба нақлиёти байналхалқии рушди долони Аврупо – Қафқоз – Осиё ва 20 - солагии Барномаи ТРАСЕКА низ мавриди баҳси ҷонибҳо қарор гирифт.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)