Дар шаҳри Женеваи Швейтсария маросими имзои созишномаи мувофиқати дуҷониба байни ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷумҳурии Эл-Салвадор дар бораи ворид шудани Тоҷикистон ба Созмони умумиҷаҳонии савдо баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷа ба Озодагон иттилоъ доданд,
санади мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон Салоҳиддин Насриддинов, сафир, намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди шӯъбаи Созмони Милали Муттаҳид дар Женева ва аз ҷониби Эл-Салвадор сафир, намояндаи доимии Эл-Салвадор дар назди Созмони умумиҷаҳонии савдо Франсиско А. Лима Мена имзо намуданд.
Ёдрас мешавем, ки дар Тоҷикистон барои ворид шудан ба СУС кӯшишҳои зиёд ба харҷ дода мешавад, аммо бо омилҳои мухталиф, аз ҷумла мутобиқ кардани қонунгузории кишвар ба санадҳои байналмиллалӣ ва ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ сохтани стандартҳо ҳанӯз масъала то охир ҳалли худро наёфтааст.
Мӯҳр