Бахшҳо
03 июн 2011 12:45Гузориш

Иззатулло Шарифов: «Барои дуо кардан дар сари қабри маҳбусони қатлшуда қонун иҷоза намедиҳад!»

Бори аввал ҳафтаи гузашта, пас аз нашри як матлаб дар нашрияи «Озодагон» Раёсати корҳои ислоҳии вазорати адлия тасмим гирифт гурӯҳи хурди журналистону ҳомиёни ҳуқуқи инсонро бо вазъ дар зиндонҳои кишвар шинос намояд.

Зеро дар матлаби «Озодагон» таҳлилгарону ҳуқуқшиносон аз он изҳори нигаронӣ мекарданд, ки дар бораи вазъи маҳбасхонаҳои Тоҷикистон андешаронӣ кардан мушкил аст. Зеро воридшавӣ ба онҳо тақрибан имконнопазир мебошад.

Имрӯз, 3 –юми июни соли 2011 низ дар идомаи иқдоми худ барои шиносоӣ бо вазъи зиндонҳо Раёсати мазкур гурӯҳи калони журналистонро боз ҳам ба ду маҳбаси дигар бурд, то худи онҳо бубинанду баҳогузорӣ намоянд.

«Парвандаи моро аз нав баррасӣ кунанд!»

Пеш аз он ки мо ба зиндонҳо сафар анҷом диҳем, генерал Иззатулло Шарифов, сардори Раёсати корҳои ислоҳӣ зарур донист ба мо дар бораи вазъи умумии маҳбасхонаҳо ва маҳбусин маълумот бидиҳад:

- Мо тасмим дорем, занҳои тоҷикро, ки  феълан дар маҳбасхонаҳои Русия ҳастанд, ба Тоҷикистон баргардонем.  Дар маҳбасхонаҳои мо низ ҳудуди 300 -400 нафар маҳбусони хориҷӣ ҳастанд, ки аксари онҳоро намояндагони кишварҳои Қазоқистон, Русия ва чанд шаҳрванди Хитой ташкил медиҳад.- дар ибтидо ба мо хабар дод генерал.

Пас аз ин зикр намуд, ки  ӯ ҳам ҷонибдори он нест, ки барои ҳама гунна ҷурму ҷиноятҳо одамонро ба маҳбас кашанд. «Баъзе аз қонуншиканиву ҷиноёте ҳаст, ки ба онҳо ба ҷои ҳукми зиндон муҷриминро ба корҳои ислоҳӣ сафарбар намоянд, беҳтар аст» гуфт Шарифов.

- Маблағгузорӣ ба маҳбасхонаҳо кам аст, вале шароиташон бад нест. Акнун баъд аз чанд лаҳза худи шумо - журналистҳо шоҳиди он мегардед, ки маҳбусон дар кадом шароит зиндагӣ доранд,- афзуд генерал Изатулло Шарифов пеш аз боздиди  ду маҳбасхона.

Аввалан мо ба маҳбасхонаи ЯС 31 рафтем. Дар ин ҷо 1 ҳазору 500 маҳбус ба сар мебарад.

Боздиди мо аз ҳуҷраи мулоқотии маҳбусон бо оилаҳояшон, ки дар он ҷо маҳбус Абдурашид Қурбонов бо ҳамсараш дидор дошт , оғоз шуд. Вақте номбурда сӯҳбатро оғоз мекард, генерал Шарифов пурсид «дар берунҳо овоза мекунанд, ки гӯё мо ҳуқуқи шуморо поймол мекунем, канӣ гап зан дар асли чӣ гап аст?»

Номбурда дар посух шароити маҳбасро хуб унвон кард ва гуфт, ки бо моддаи 200, қисми 4-маводи мухадир ба мӯҳлати 21 сол равонаи зиндон шудаасту 7 солаш сипарӣ гардидааст.

Баъд аз чанд лаҳза мо вориди ошхона, ҷои гуфтугӯи телефонӣ, ҷои кори маҳбусон ва майдоне, ки маҳбусони зиёде ҷамъ буданд, гардидем. Бо чанд тан маҳбусе, ки ҳамсӯҳбат шудем «шароит бад нест» гуфтанд. Аксарияти онҳо аз ноадолатона ба зиндон афтоданашон шикоят  ва хоҳиш мекарданд, ки парвандаи  онҳо дубора бознигарӣ  шавад.

Вақте ба ошхонаи маҳбас омадем, ошпазҳо хӯрок мепухтанд. Онҳо моро бовар мекунонданд, ки 3 маротиба барои маҳбусон хӯроки якуму дуюм омода мекунанд. Зиндониён низ дар ҷараёни сӯҳбат инро тасдиқ мекарданд.

Корхонаҳои маҳбасхона хишт, қум, семент, кат, сандуқ, самовор истеҳсол мекардааст ва маҳбусон аз рӯи касбашон фаъолият мекунанд. Ба иттилои масъулини ин маҳбасхона маҳбусон аз 100 то 350 сомонӣ маош мегиранд.

«Маҳбусон ба якдигар қасд доранд»

Боздиди дуюми мо аз маҳбасхонаи ЯС34 сурат гирифт. Дар роҳ ба ин зиндон Музаффар Раҳимов, сардори шӯъбаи фавриву низомии Раёсати корҳои ислоҳӣ ба мо гуфт « 70 %-и маҳбусоне, ки аз шиканҷаву латукӯб шикоят мебаранд, аз он сабаб аст, ки онҳо миёни ҳамдигар қасд доранд ва ба ин восита мехоҳанд  ба якдигар зарар расонанд. Ҳолатҳое мешавад, ки онҳо худро пучида сиёҳ мекунанд ва мегӯянд, ки моро заданд».

Ҳангоми боздид аз ин маҳбасхона чанд чизе ба назар расид, ки дар маҳбаси қаблӣ надидем. Аз ҷумла мавҷудияти китобхона, толори тамошои телевизор, сохтмони бинои нави мулоқот, гармхона, беморхона, масҷид.

Ба мо гуфтанд, ки дар китохонаи ин маҳбас беш аз 6, 5  ҳазор китобҳои гуногун ҷо дошта, ба гуфтаи китохоначӣ  Ёрмухаммад Бектошов дар 5 рӯз як китоб барои хондан ба маҳбусон дода мешавад.

Дар гармхонаи маҳбас аз ҷониби маҳбусон пиёз, карам, помидор ва гулҳои гуногун корида шудааст. Дар беморхона бошад ҳудуди 44 бемор будааст ва ба гуфтаи масъулин  аз инҳо 21 нафар ба гурӯҳи бемории сил шомиланд. Боқимонда гирифтори бемориҳое чун гӯш, чашм ва ғайра мебошанд. Дар толори тамошои телевизор бошад маҳбусони зиёде ба тамошои бокс машғул буданд. Як маҳбус ба мо гуфт дар як ҳафта ба ҷуз аз як рӯз  дари толор барояшон кушодааст. Вақте ба ошхона ворид шудем, Мурод Исматов ба пухтани хӯроки ба қавли ӯ «шавлаи ҷав» машғул буд. Ӯ гуфт, ин хӯроки дуюмашон аст ва хӯроки якум аз  макарон аст.

Дар ин маҳбас ба гуфтаи масъулин ҳудуди 1 ҳазору 300 маҳбус будааст. Маҳз дар ин зиндон мо бо гурӯҳи маҳбусоне мулоқот доштем, ки онҳоро бо ҷурми шомил будан дар  гурӯҳи салафия, узви гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев маҳкум намудаанд. Онҳо танҳо як хоҳиш доштанд: ҳукми моро камтар кунед!

Зеро ҳар кадоми онҳо ба мӯҳлатҳои тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд. Аз ҷумла, Сироҷиддин Абдураҳимов, мулақаб ба эшони Сироҷиддин зимни сӯҳбат гуфт, ки « аз рҳбари давлат хоҳиш мекунам, ки парвандаи ман ва писарамро, ки бо гуноҳи пайравӣ доштан ба равияи «Салафия» равонаи зиндон шудем, аз нав дида бароянд, зеро ман ҳатто аз чунин ҷараён хабар надорам ва ҳамеша дар хизмати мардум будам ва хоҳам монд».

Ҳомии ҳуқуқи инсон Ойниҳол Бобоназарова, ки дар ин сафар моро ҳамроҳӣ мекард дар охир аз генерал Изатулло Шарипов як суол кард: оё имкон дорад, ки волидон ва  хешовандони нафарони ҳукми қатл гирифта ба қабристони онҳо рафта, дуо кунанд? «Чунин таҷриба дар маҳбасхонаҳои хориҷа ҳаст» барои мисол гуфт Бобоназарова.

Генерал посух дод, ки феълан  қонунгузории Тоҷикистон чунин ҳақро надодааст.

Алишер Зарифӣ
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Ноябр 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)