Моҳи апрел ба Тоҷикистон тақрибан 241 миллиону 200 ҳазор доллари амрикоӣ интиқол ёфтаст, ки дар муқоиса бо моҳи апрели соли гузашта 22 фоиз зиёд мебошад.
Ин нуқта дар мониторинги вазъи иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон, ки ахиран коршиносони Созмони миллали муттаҳид таҳия кардаанд, таъкид шудаст.
Дар маҷмӯъ аз аввали сол маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон ҳудуди 700 миллион доллари амрикоӣ арзёбӣ мегардад. Барои муқоиса тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон ҳаҷми буҷа дар 4 моҳи аввали соли ҷорӣ ба 2 миллиарду 600 миллион сомонӣ баробар шудаст.
Ҳаҷми буҷети давлат дар моҳи апрел ҳудуди 600 миллион сомониро ташкил додаст, ки нисбати пули аз хориҷа интқолёфта, 2,2 маротиба камтар аст.
Ин дар ҳолест, ки авҷи интиқоли маблағи муҳоҷирон ба моҳҳои август - сентябр рост меояд, ки то ним миллиард доллар наздик мерасад.
Дар маҷмӯъ маблағи интиқолдодаи муҳоҷирон такягоҳи асосии иқтисодиёти Тоҷикистон ва мӯътадилсозандаи вазъи сиёсию иҷтимоӣ дар кишвар маҳсуб меёбад.
Мӯҳр