Бино ба иттилои ВКД як полковник дар Душанбе бо ҷурми порагирӣ дастгир шудааст.
Дафтари матбуотии ин ниҳод иттилоъ медиҳад, ки фарди боздоштшуда мудири кафедраи ҳарбии Донишгоҳи варзиши Тоҷикистон ба номи Саидмӯъмин Раҳимов будааст.Манбаъ меафзояд, зимнан аснои баргузории як амалиёти вижа аз сӯи кормандони фаврӣ-ҷустуҷӯии вазорат, полковник Сафархон Ғаффуров ҳангоми гирифтани маблағи 150 доллари амрикоӣ аз як донишҷӯ ба даст афтодааст. Ғафуров ба ивази ришва ба донишҷӯ ваъда кардааст, ки ба ӯ рутбаи афсарӣ медиҳад.Оиди ин далел парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти қаблӣ идома дорад.
Мӯҳр