Шаби гузашта дар ҷануби Маскав Сергей Асланянро бо захми корд маҷрӯҳ карданд. Ӯ ҳоло дар бемористон қарор дошта, табибон вазъи сиҳатияшро хуб арзёбӣ кардаанд.
Тибқи хабарҳо, журналистро занг зада хоҳиш кардаанд, ки ба кӯча барояд. Асланян аз манзилаш мебарояд, аммо касеро он ҷо намебинад, вақти баргаштан нафари ношиносе ба ӯ ҳамла бурда ба баданаш чанд корд мезанад. Пулис наворҳои камераҳои назоратии кӯчаро гирифта, дар пайи маълум кардани шахсияти ҳамлавар шудааст.
Сергей Асланян ровии радиоҳои «Эхо Москвы» ва «Маяк» мебошад.
Мӯҳр