Эрон гуфтааст, соле баъд нерӯгоҳи дуввуми атомиро дар Бушаҳр, ҷануби ин кишвар сохта ба истифода хоҳад дод. Дар ин бора оҷонсии France Presse хабар додааст.
Бино ба навиштаи манбаъ сарвари ниҳод оид ба нерӯи ҳастаии Эрон Фаридун Аббосӣ Даввонӣ дар ин бора дар ҷамъи хабарнигорони эронӣ сӯҳбат кардааст. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш дар Бушаҳр нерӯгоҳи атомии «Бушаҳр» мавриди истифода қарор гирифта буд.
-Эрон тасим дорад соле баъд нерӯгоҳи атомии дуввумро бо нерӯи 1000 мегаватт дар Бушаҳр бунёд намояд,-гуфтааст Фаридун Аббосӣ Даввонӣ.
Дар ҳамин ҳол ҷаноби Аббосӣ Даввонӣ оид ба ҷузъиёти бештари ин нақшаи кишвараш сӯҳбат накардааст. Гуфта мешавад Эрон иддао дорад, ки ба истеҳсоли то меъёри 20 фоизи уран ҳақ дорад. Ин дар ҳолест, ки нозирони МАГАТЭ, як созмони назорати нерӯи ҳастаии СММ, аз ошкор кардани истеҳсоли то 27 дар сади уран дар корхонаи зеризаминии Эрон баъди боздид аз иншоотҳои ҳастаии ин кишвар хабар додаанд. Ин ҳолат аз меъёрҳои муқаррарнамдаи ин созмон ва эътирофкардаи Эрон зиёд будааст. Аммо ҷониби Эрон ин ҳолатро «нуқси техникӣ» унвон кард. Намояндаи Эрон дар МАГАТЭ Алӣ Асғари Султонниё гуфтааст, ин ҳолат дар пайи як нуқси техникӣ ба вуҷуд омада ва мутахассисон дар пайи рафъи ҳолати рухдода кӯшиш доранд.
Мӯҳр