Дар пайи як амалиёти кормандони милиса дар шаҳри Хуҷанд миқдоре аз маводи мухаддир забту мусодира гардид.
Тавре ба хабаргузории Озодагон аз ВКД иттилоъ доданд, зимни ин амалиёт, ки дар шаҳри Хуҷанд анҷом шуд, Меҳриниссо Шерматоваи 40 сола, сокини маҳаллаи-34-уми маркази вилояти Суғд дастгир шуд. Аснои кофтукови шахсӣ аз ин нафар як бастаи селофанӣ дарёфтанд, ки дохилаш 570 грамм маводи нашъадори «ҳероин» будааст.
Айни замон нисбати ин қазия парвандаӣ ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.
Мӯҳр