Далер Турсунов аз сӯи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо иттиҳоми куштор боздошт гардид.
Тавре аз ВКД ба «Озодагон» иттилоъ доданд Далер Турсунови 20 сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шаби гузашта (27 –уми май соли равон) соати 21:00 дар поёни пули «Ҷашни 2500-солагии Ленинобод», воқеъ дар назди варзишгоҳи «Лочин» бо Абдурасул Абдурасулови 27 сола, сокини ҷамоати Х.Усмон, вомехӯрад. Баъдан номбурда дар назди соҳили дарёи Сир бо корди дар дасташ буда як маротиба ба зери қабурғаи тарафи рости Абдурасул Абдурасулов зада, аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Дар натиҷа Абдурасул Абдурасулов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.
Феълан нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.
Мӯҳр