Зимни гузаронидани амалиёти «Кӯкнор-2012» кормандони ҳифзи ҳуқуқи ноҳияи Ҷаббор Расулов чанд бех ниҳоли нашъадорро ёфт ва мусодира карданд.
Тавре ба Озодагон аз ВКД хабар доданд, аз замини наздиҳавлигии Ашур Юнусови 83 сола, сокини ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, ки нафақахӯр аст, 22 бех ниҳоли нашъадори навъи «кӯкнор» дарёфт гардид.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Мӯҳр