Пулиси Маскав дар шимоли ин шаҳр «шаҳраки муваққатӣ»-и муҳоҷиринро ошкор кардааст, ки ҳудуди беш аз 30 нафар дар хаймаҳои коғазину селофанӣ ба сар мебурдаанд.
Бино ба маълумоте ки раиси ноҳияи "Очаково-Матвеевское" Сергей Новиков дар ихтиёри хабарнигорон гузошт, ин гурӯҳи муҳоҷирин дар яке аз боғҳои фароғатии минтақаи ғарбии Маскав хайма задаанд. Ӯ гуфт, дар вақти гаштугузори доимӣ ин «шаҳри муваққатӣ» ошкор шудааст, ки муҳоҷирини Осиёи Марказӣ худсарона хаймаҳои коғазину селофанӣ насб карда, ба сар мебурдаанд. Ҳамчунин чанд хонаи чӯбини муваққатӣ низ аз ҷониби муҳоҷирин сохта шуда будааст.
Феълан, ҳамаи ин муҳоҷирин барои муайян кардани ҳуввияташон ба шӯъбаи пулиси ин минтақа оварда шудаанд.
Сергей Новиков, раиси ноҳияи «Очаково - Матвеевское» гуфт, чунин гаштугузор ва ё тафтиши минтақаҳои хомӯши шаҳр аз сӯи пулиси ин минтақа мунтазам доир карда мешавад.
Мӯҳр