Қарз ё ба истилоҳ бақияпулии андози давлатӣ дар ноҳияи Муъминобод дар 5 моҳи имсол рӯ ба афзоиш ниҳодааст. Дар ин бора ба Озодагон Ҳотамшо Ғаниев, иҷрокунандаи вазифаи сардори нозироти андози ноҳияи мазкур хабар дод.
Бино ба иттилои номбурда дар ҳоли ҳозир андозсупорандагон ба маблағи 2 миллиону 762314 сомонӣ ҳақи ҳалоли давлатро насупурдаанд. Дар қатори қарздорони азим кооперативи «Тебалай» (366 ҳазор сомонӣ), ҶДММ «Брокер» (103 ҳазор сомонӣ), ҶДММ «Хишти Кӯлоб» (800 ҳазор сомонӣ), ҶСМ «Абрешим» (62 ҳазор сомонӣ), хоҷагии деҳқонии «Муъминобод» ( 50 ҳазор сомонӣ), хоҷагии деҳқонии «Рахш» (45 ҳазор сомонӣ) ном бурда мешаванд.
Ба иқрори ҷаноби Ғаниев, имсол дар ноҳия нисбат ба соли гузашта беш аз 800 ҳазор сомонӣ бақияпулии андоз зиёд гаштааст. Сабаби усулии афзоиш ёфтани қарзи андоз ба андешаи сардори нозироти андоз, агар аз як тараф баланд рафтани фоизҳои азнавқабулшудаи Қодекси андози Тоҷикистон бошад, аз ҷониби дигар бемасъулиятӣ ва нофаҳмиҳои роҳбарону сардорони ташкилоту хоҷагиҳо ва андозсупорандагон будааст: «Масалан, корхонаи «Хишти Кӯлоб», ки беш аз 800 ҳазор сомонӣ қарзи андозро насупурдааст, 344 ҳазор сомонии он танҳо аз ҳисоби фоизҳои қарздорӣ мебошад. Ба ҳамин гуна, аксари хоҷагиву ташкилотҳои қарздор тақрибан нисфи қарзашон аз ҳисоби фоизҳо зам мешавад. Аммо ана ҳамин чизи оддиро андозсупорандагон дарк карда наметавонанд».
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки кормандони нозироти андоз дар пайи ҷамъоварии андози давлатӣ ба мушкилиҳо дучор мешаванд. Дар баъзе маврид, қарздорони андози давлатӣ бо сабабҳои муфлисшавӣ ва аз фаъолият бозмондан дигар қудрати пардохти қарзро надоранд. Ғаниев мегӯяд, дар ин гуна маврид, нисбат ба 4 корхона ҳабси амволро амалӣ карда, биноҳои ин корхонаҳоро ба савдо мондаанд. Вале аҷиб он аст, ки тайи 5 моҳ ҳанӯз молеро аз ин корхонаҳо касе харидорӣ накардааст. Ба ақидаи кормандони нозироти андоз, дар як бино якчанд ташкилоту хоҷагӣ манзил доранду як қисмати онро ба фурӯш гузоштан ғайриимкон мегардад. Хоҷагиҳо бошанд, муфлисанду дигар амволе барои ба савдо баровардан надоранд.
Ноҳияи Муъминобод ноҳияи аграрӣ буда, тақрибан ягон ташкилоту корхонаи саноатӣ ин ҷо фаъол нест. Самти асосии он асосан боғкориву чорвопарварӣ мебошад. Аз ин рӯ, 74 фоизи буҷа аз ҳисоби дотатсияи ҳукумати марказӣ будааст. Аз 18 милиону 519601 сомонии буҷаи солона танҳо 4 миллиону 360 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби андози маҳаллӣ пурра мегардаду бас. Нақшаи моҳонаи андози давлатӣ ҳамагӣ аз 327 то 370 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки ба иқрори кормандони нозироти андоз, он ҳам бо мушкилиҳо ба даст меояд. Дар 5 моҳи имсол ҷамъоварии андоз як миллиону 763 ҳазор сомониро ташкил додааст. Ин дар ҳолест, ки бақияпулии андози давлатӣ, ба истилоҳи сардори нозироти андоз бо истифода аз фоизҳо, ҳамарӯза афзоиш ёфтан дорад. Мантиқан, бо чунин усули кори мақомоти марбута ва роҳбарии ҳукумати маҳалӣ, ноҳия на танҳо ба фоидаи буҷаи ҳукумати марказӣ кор кардан намехоҳад, ки боз садсолаҳо дастнигари он боқӣ мемонад.
Мӯҳр