Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ҳисор сафари корӣ анҷом дод. Тавре аз Хадамоти матбуотии президент иттилоъ доданд, зимни сафар райисҷумҳур бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода, дастовардҳои кишоварзони ноҳияи Ҳисор дар бахшҳои ғаллакорӣ, пахтакорӣ, боғу токпарварӣ ва чорводорӣ шинос шуд.
Боздиди корӣ аз шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода дар паҳлӯи боғи 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон оғоз ёфт. Эмомалӣ Раҳмон аз суръати сусти корҳо изҳори нигаронӣ карда, барои тезондани он ба масъулин супоришҳои мушаххас дод. Тавре зикр гардид, ҳоло корҳо барои кандани қабати болоии роҳи кӯҳна ва омода кардани хатти нави роҳи мазкур идома дорад. Чунонки аён гардид, бисёр гардишу печутобҳои пешина рост ва пастию баландиҳо тахту ҳамвор карда мешаванд, то ки сатҳи бехатарии ҳаракат дар ин роҳ боло равад. Ба ин кор 138 техникаю механизмҳои роҳсозию боркашӣ ва беш аз 500 нафар коргару мутахассис сафарбар гардидааст. Беш аз 70% роҳсозон аз аҳолии маҳаллӣ мебошанд, ки бо маоши хуб таъмин гардидаанд.
«Ба роҳбарияти Вазорати нақлиёт ва шарикони чинии он, ҳамчунин доир ба тезондани навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Данғара, сохтмони нақбҳои Чормағзаку Шаҳристон ва омодасозии лоиҳаи роҳи Айнӣ-Панҷакент дастуру ҳидоятҳо дода шуд. Таъкид гардид, ки нақби Шаҳристон бояд моҳи сентябри соли равон ва нақби Чормағзак моҳи сентябри соли 2013 бояд мавриди истифода қарор бигиранд»,-афзуд манбаъ.
Сарчашмаи хабар гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз кооперативи истеҳсолии Ватан, хоҷагии Ҳайдар Миров, хоҷагии чорводории Баракат дидан кард.
Мӯҳр