Раиси шаҳри Душанбе имрӯз, 23 май дар доираи «Даҳ Рӯзи ҷавонони шаҳри Душанбе» бо ҷавонони пойтахт мулоқот анҷом дод.
Зимни сӯҳбати ошкоро, ки беш аз се соат идома ёфт раиси шаҳр дархосту хоҳиши ҷавононро шунида, дар ҳалли онҳо бо инобати ҷалби потенсиали ҷавонони ташаббускор ба масъулини шаҳрдорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маҳмадсаид Убайдуллоев бо хулоса аз мавқеъгириҳои нокифояи ҷавонон ва камтар бархурдор будани онҳо аз иттилои мавҷуда аз ҳаёти шаҳр, ки мебоист шумораи саволҳо, пешниҳодҳо ва масъалагузориҳо баҳри мусоидат ба пешрафти ҳаёти ҷавонон дар шаҳр бештар мебуданд, аз камфаъолии ҷавонон нигаронӣ карда, барои идомаи сӯҳбат ва мукотибаҳои мақсаднок таъкид намуд, ки ҷавонон имкон доранд дар мӯҳлати як моҳ дархосту пешниҳодоташонро тариқи почтаи электронии раиси шаҳр
dushanbe80@yahoo.com, саҳифаи раиси шаҳр дар сомонаи иҷтимоии Фейсбук ё худ тавассути Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ирсол созанд.
Мулоқот дар толори КВД «Маркази равобити пойтахт» доир гардид ва Маҳмадсаид Убайдуллоев бахшида ба Рӯзи ҷавонон аҳли толорро самимона шодбош намуда, аз ҳар кадоми онҳо барои нақши муассир гузоштан дар пешрафту ободонии шаҳр ва касби асрори илму дониш даъват ба амал оварда, дар кору зиндагияшон барору иқбол таманно кард.
Мӯҳр